Санаи 25 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси чоруми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Тақвияти иқдомот дар соҳаи об тавассути ҳамкории Ҷануб - Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба» таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Дар форум намояндагони кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои илмӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Абдураҳмонзода А. С. зимни баромади худ қайд намуд, ки Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Тақвияти иқдомот дар соҳаи об тавассути ҳамкории Ҷануб - Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба» ҳамчун идомаи ташаббусҳои байналмилалии обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои байналмилалӣ пайваста пешбарӣ мешаванд, доир мегардад.
Маҳз тавассути чунин ҳамоишҳо масъалаҳои идоракунии захираҳои об ба сатҳи глобалӣ бардошта шуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори муколамаҳо дар масъалаҳои калидии рушди устувор ба таври назаррас тақвият мебахшад.
Дар идома намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баромад намуда, муҳимияти ҳамкории Ҷануб - Ҷануб ва ҳамкории сеҷонибаро ҳамчун механизмҳои муассири мубодилаи дониш, таҷриба ва қарорҳои инноватсионӣ барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об таъкид намуданд.
Дар анҷоми форум иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз доштанд.