21 майи соли 2026 таҳти ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов ҷаласаи навбатии 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо рушди мунтазам ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев таъмин мегардад.
Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши савдо миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро таъкид карданд. Дар ин замина, ба рушди ҳамкориҳои кооператсионӣ, истифодаи самараноки долонҳои нақлиётию транзитӣ ва тиҷоратӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи шарикӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодии ду давлати дӯст равона гардидаанд, тасдиқ намуданд.