Баргузории Бизнес-форум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
22 майи соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бизнес-форум баргузор гардид, ки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду кишварро ба ҳам овард.
Зимни форум муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин қайд намуд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев пайваста рушд ёфта истодаанд.
Муовини вазир зимни суханронӣ, бо ишора ба афзоиши мусбати ҳаҷми гардиши савдои мутақобила, таъкид кард, ки имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон ҳанӯз ҳам назаррас буда, пурра истифода нашудаанд. Зикр гардид, ки коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ ва инчунин омодагии мутақобилаи ҷонибҳо ҷиҳати ҷалби сармоя барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин ба иштирокчиёни форум оид ба панҷ минтақаи озоди иқтисодии амалкунанда дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид, ки дар онҳо барои рушди истеҳсолоти саноатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таъкид шуд, ки имтиёзҳои амалкунандаи андозӣ ва гумрукӣ, инчунин имкониятҳои мавҷудаи инфрасохторӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.