15 майи соли 2026 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Хуснуллин ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов баргузор гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар чорабинӣ инчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар пайваста рушд доранд.
Зикр шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои мутақобила ба 2,4 миллиард доллар расида, дар се моҳи аввали соли 2026 низ тамоюли афзоиш нигоҳ дошта шудааст.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Ҳамзамон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат дар Форуми 17-уми байналмилалии иқтисодии «Россия – Ҷаҳони исломӣ: Қазонфорум» иштирок намуд.
Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар Форум иброз доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ суръати рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 8,4 фоизро ташкил дод.