13 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии наздисарҳадӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолию содиротӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавиро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.