9 майи соли 2026 дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ҳайати Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шурои директорони Корпоратсияи байналмилалии эътимод ва сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин (CITIC Group Corparation) Си Гохуа баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи мустақим, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд.