5 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Аленка Сухадолник баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ намуда, зарурати диверсификатсияи номгӯйи маҳсулоти содиротӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратиро ҳамчун афзалияти ҳамкории минбаъда таъкид карданд.
Дар рафти мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла дорусозӣ, гидроэнергетика, технологияҳои сабз, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти таҷрибаи бузурги Словения дар соҳаи дорусозӣ, пешниҳод гардид, ки гуфтушунид оид ба ташкили истеҳсоли муштараки доруворӣ дар Тоҷикистон оғоз карда шавад.
Дар анҷоми вохурӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати фаъолсозии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои манфиатноки мутақобила изҳор намуданд.