5 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегии зерин баррасӣ шуд.
- Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027;
- Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028;
- Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Сафаралӣ Гулмурод, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина ва сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Иброҳим рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати кишвар гузориши муфассал ирсол мегардад.