1 майи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақа ва энергетикаи музофоти федоралии Бавария Тобиас Готтҳардт баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва саноат, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту логистика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ҷониби музофоти федоралии Бавария, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин замина истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди саноат ва тақвияти ҳамкориҳои истеҳсолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тавсеаи онҳо дар самтҳои афзалиятнок иброз намуданд.