Санаи 28 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии рушди кишвар аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ”-и вазорат аввалин Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ: низоми мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Конфронси мазкур таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ доир гардида, дар кори он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Шукуҳиддин Аброрӣ, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ва ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Парвати Рамасвами, намояндаи Сафорати Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Изабел Урис Эрнандес ва Роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имай Сейҷу иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва методологии низоми банақшагирии стратегӣ ва мониторингу арзёбӣ таҳким ёфта, рушди минбаъдаи низоми банақшагирии стратегӣ дар доираи чор самти калидӣ, бахусус тақвияти иқтидори кадрӣ, ҳамгироии илм ва идоракунӣ, рақамикунонии равандҳо ва ҷорӣ намудани идоракунии ба натиҷаҳо нигаронидашуда равона карда мешавад.