27 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Директори Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Ветсел Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордод оид ба татбиқи лоиҳаи Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Миёна то соли 2029 ба имзо расонида шуд.
Лоиҳаи Содагардонии расмиёти савдо 5 кишвари Осиёи Миёнаро фаро гирифта, аз ҷониби Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, инчунин тавассути механизмҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 5,2 млн. евро иловатан маблағгузорӣ мегардад.
Лоиҳаи мазкур ба тақвияти тадбирҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои афзоиши иқтидорҳои ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар масири долонҳои бисёрмодалӣ равона шудааст.