23 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, Сардори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, инчунин бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷаласа оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини риояи қонунгузории амалкунандаи кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва таҳкими пояҳои амнияти миллӣ баргузор гардид.