20 апрели соли 2026 вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ ва таҳаввулоти рақамии иқтисодиёт дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таҳқиқоти таҳлилии OECD «Истифодаи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди иқтидори тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ» муаррифӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 Стратегияи рушди зеҳни сунъиро барои давраи то соли 2040 қабул намуда, онро ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар равона кардааст, ки дар доираи он рушди технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ, таъмини соҳаҳо бо технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими неруи зеҳнӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳо дар самти дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ изҳор намуданд.