15 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томер Ҳаммод баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Миср дорои имкониятҳои васеъ дар самтҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошанд.
Қайд гардид, ки имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар ҳанӯз ҳам ба таври пурра истифода нашуда, зарурати фаъолгардонии ҳамкориҳо ва рушди робитаҳои мустақим дар ҳама самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.
Ҳамзамон масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳавасмандӣ ба идомаи ҳамкориҳо дар доираи он иброз карда шуд.