Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, бо иштироки муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараро Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти вазорат дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ гузориши муовини вазир Восидиён Ф. С. шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа Абдураҳмонзода А. С. таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бо мақсади бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият корҳо ҷоннок карда шуда, ба масъулин супоришҳо дахлдор дода шуд.