14 апрели соли 2026 вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз, Рақамӣ ва Ҳушманд” иштирок ва суханронӣ намуд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва ҳушмандсозии соҳаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар шароити муосир таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ аз гузариш ба иқтисоди “сабз”, татбиқи васеи технологияҳои рақамӣ, рушди инноватсия ва истифодаи самараноки имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ вобастагии зич дорад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар остонаи марҳилаи нави рушд қарор дошта, иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди “сабз” на танҳо самти рушд, балки омили асосии рақобатпазирии кишвар буда, тавассути ҳамкориҳои созанда ва истифодаи имкониятҳои наву мавҷуда ояндаи устувор ва шукуфоии кишварамон таъмин мегардад.