8 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ кормандони вазорат ва иқтисодчиёни кишварро бо ҷашни касбӣ табрику шодбош гуфта, қайд намуд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши фаъол доранд.
Инчунин таъкид гардид, ки бо татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, қабули қарорҳои дахлдор, барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола таъмин гардида, соли 2025-ум суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ кормандони фаъоли вазорат барои хизматҳои арзанда бо ифтихорнома қадрдонӣ гардонида шуданд.
Қайд бояд кард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар кишвар 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ҷашн гирифта мешавад.