7 апрели соли 2026 вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гази Шбайкат баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда бо Хазинаи байналмилалии асъор дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки дар соли 2025 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдор, барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бахусус дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми дурнамосозӣ ва татбиқи ислоҳоти сохторӣ изҳор намуданд.