7 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегии зерин баррасӣ шуд.
- Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027;
- Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027;
- Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Сафаралӣ Гулмурод, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ ва муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зарина Дилмурод рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.