23 марти соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.
Абдураҳмонзода А. С. мардуми ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашни таърихии миллати тоҷик табрик намуда, қайд кард, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ва дар фазои идона вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. якҷо бо раиси ноҳияи Панҷ Иброҳимиён А. К. бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ се иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дар деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Намуна «Бунгоҳи тиббӣ» бо ҷалби 1,4 миллион сомонӣ бо 8 ҷойи корӣ ва дар деҳаи Зуҳуриёни ҷамоати деҳоти Озодагон низ «Бунгоҳи тиббӣ» бо ҷалби 965 ҳазор сомонӣ бо 6 ҷойи корӣ, инчунин даромадгоҳи деҳаи Зуҳуриёнро ифтитоҳ намуданд.
Ҳамзамон вазири рушди иқтисод ва савдо ва раиси ноҳия дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан намуда, ба ятимони кулл, маъюбон ва оилаҳои камбизоат кӯмакҳои моддӣ тақдим намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷашни Наврӯзӣ туйи домодию арусии ду ҷуфт ва хатнасури 18 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.