19 марти соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иқтисодчии калони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Беата Яворсик вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди босуръати ММД, нигоҳдории муътадили сатҳи таваррум, таъсиси ҷойҳои кории пурмасъул, рушди содирот ва ғайра ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд иттилоъ дод, ки бо шарофати татбиқи яқ қатор ислоҳотҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки мавқеи худро дар раддабандии пардохтпазирии бонкӣ беҳтар намояд, ки ин барои ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат мекунад.
Инчунин хонум Беата Яворсик аз ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро ҷиҳати идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ иброз дошт.