19 марти соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Вазъи соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат» баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки соҳаи алоқа таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, сиёсати давлатӣ барои рушди шабакаҳои муосири алоқа, баланд бардоштани суръати интернет, бахусус дастрас будани нархи он, инчунин рақамикунонии хизматрасониҳо равона гардидааст.
Дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло шунида шуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби хадамот барои боз ҳам беҳтар намудани рушди минбаъдаи соҳаи алоқа, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.