12 марти соли 2026 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №72-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло баргузор гардид.
Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки муқаррароти фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №72-ф, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2026 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби муовини якуми раиси ВМКБ – Сафарзода Ш., муовини раиси шаҳри Душанбе – Саломзода Р., муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода – Азимзода А., муовини раиси шаҳри Ҳисор – Нурализода Х. ва муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ – Қосимзода С. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз баррасии нишондиҳандаҳои пешниҳодгардидаи вилоят, шаҳрҳо ва ноҳияи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар қарорҳои дахлдор қабул гардид.