11 марти соли 2026 ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва бо иштироки аъзои кумита, аз ҷумла намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба муаррифии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, фаъолияти лоиҳаи «Содагардонии савдо дар Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), оғози лоиҳаи «Тақвияти иқтидори долони нақлиётии Транскаспий» ва Нақшаи кори кумитаи мазкур барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас иҷро шуда, вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи кумита чораҳои амалӣ меандешанд.
Дар идома муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.