6 марти соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба ҷашни фархундаи «Рӯзи Модар» ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик зан – модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, таҷассумгари меҳру муҳаббат ва асоси устувории оилаву ҷомеа мақоми бисёр баланд дорад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Модар ҳамчун иди расмии давлатӣ эълон гардид, ки ин иқдом нишонаи равшани эҳтирому арҷгузории давлату Ҳукумати кишвар ба мақому манзалати баланди занону модарон дар ҷомеа мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти вазорат бори дигар бонувони вазорат ва дар симои онҳо тамоми модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳои нав ба навро дар фаъолияти меҳнатӣ орзу намуданд.