4 марти соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Бонки Исломии Рушд (БИР) таҳти роҳбарии Мудири амалиёти кишварии Гурӯҳи БИР Фарид Хон баргузор гардид.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои самарабахш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.