2 марти соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни рушди инфрасохтор, фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазири кишварро Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва роҳбари МОИ «Кӯлоб» Абдуллозода Мустафо истиқбол гирифта, шароити фароҳамовардашударо барои фаъолияти сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар минтақа муаррифӣ намуд.
Аз ҷумла аз ҷараёни фаъолияти ҶДММ «Тоҷик – Алмос», ки ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ (филтрҳои муҳаррик) машғул мебошад, аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон лоиҳаи таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ҶДММ «Растанӣ Инно» ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва беҳдоштӣ ҶДММ «Фарм Кӯлоб» муаррифӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар МОИ «Кӯлоб» 10 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа то имрӯз наздик ба 100 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақа то имрӯз қариб ба 1 млн. сомонӣ расида, дар он наздики 110 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Инчунин бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири кишвар, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва кормандони маъмурияти МОИ «Кӯлоб» дар саҳни ҳавлии минтақа дарахтони ҳамешасабз, ки ба ҳусни минтақа зебогии нав зам мекунанд, шинонида шуданд.
Дар анҷоми сафар аз ҷониби Сарвазири кишвар ба роҳбарият ва кормандони маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, тақвияти корҳои таблиғотӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.