18 феврали соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои нақлиётиву логистикӣ ва масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.