16 феврали соли 2026 ҷаласаи навбатии маҷозии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А. С. бо вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников М. Г. баргузор гардид.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, пайгирӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур, пиёзи барвақтӣ, карам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия зоҳир карда шуд.
Дар натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо таъкид намуданд, ки амалишавии иқдомҳои гузошташуда ба таъмини устувории маҳсулот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.