16 феврали соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иштироки ҳайати Агентии ҳамкориҳоии байналмилалии Ҷопон (JICA), намояндангони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷаласаи корӣ дар доираи ташаббуси “Як деҳа - як маҳсулот” баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки лоиҳаи “Як деҳа - як маҳсулот” барои таҳкими соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаҳо роҳандозӣ гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат менамояд.
Аз оғози ташаббус дар кишвар то имрӯз як қатор натиҷаҳои назаррас, аз қабили таҳияи харитаи роҳ бо муайян намудани 100 номгӯйи маҳсулоти дорои афзалият, ба роҳ мондани фаъолияти маркази истеҳсолӣ дар шаҳри Бохтар, баргузории мунтазами чорабиниҳои миллӣ ва ҳамкории фаъол бо зиёда аз 20 корхонаҳои соҳибкории хурд дар 11 шаҳр бо фарогирии беш аз 100 нафар бо шуғл ва истеҳсоли зиёда аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла таҳия ва истеҳсоли 22 номгӯйи нави маҳсулот бо дастгирии коршиносони байналмилалӣ ба даст омаданд.