4 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Муколамаи озоди вазирони бахши иқтисод, савдо ва сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни муколама вазирон масъалаҳои мубрами рушди устувори иқтисод, тавсеаи савдои байналмилалӣ, истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатиро дар шароити тағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар суханронии худ Абдураҳмонзода А. С. омодагии кишварро ҷиҳати тақвияти муколамаи амалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ бо шарикони байналмилалӣ таъкид намуд.