4 феврали соли 2026 дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо вазири савдои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Сонӣ бин Аҳмад Аз-Зуюдӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуда, ба афзоиши гардиши савдои мутақобила, рушди савдои рақамӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард, логистика, авиатсия ва хизматрасониҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва татбиқи иқдомҳои амалӣ барои рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.