3 феврали соли 2026 дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ дар шаҳри Дубай баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергияи сабз ва барқароршаванда, сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, саноати коркард, кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди маъданҳо ва содироти маҳсулотҳои кишоварзию саноатиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби сармояи аморотӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии кишварҳо иброз намуданд.