3 феврали соли 2026 вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо намояндагони Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд вобаста ба масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 ва рушди бахши воқеӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2025 имкон фароҳам оварда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 176,9 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз, кишоварзӣ 9,5 фоиз, гардиши савдо 13,9 фоиз, мусофиркашонӣ 10,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13,2 фоиз, боркашонӣ 15,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз таъмин гардид.
Сатҳи таваррум дар соли 2025-ум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум (3,6 фоиз) 0,1 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,5 фоиз, молҳои ғайриозуқа 1,5 фоиз ва хизматрасонӣ 5,7 фоиз ташаккул ёфтааст.
Дар ин давра дар қаламрави кишвар 396 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод.
Дар охир ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бахусус дар самти таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар изҳори омодагӣ намуданд.