Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрушев Андрей мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, илмӣ ва маориф, инчунин дурнамои густариши ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ равона гардид, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ миёни кишварҳои ИДМ мебошад. Ҷонибҳо аҳаммияти чунин чорабиниҳоро ҳамчун платформаи муассир барои мубодилаи таҷриба, тавсеаи муколамаи коршиносӣ ва ташаккули ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ иброз намуда, ба идомаи кори муштарак вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ ва муҳтавои чорабиниҳои дарпешистода ба мувофиқа расиданд.