27 январи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) бо роҳбарии ноиби калони Президенти JICA Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак, инчунин имкониятҳои густариши дастгирии техникӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои JICA зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ ва густариши самтҳои навро таъкид намуда, ҷонибдори иҷрои босамари барномаҳои мавҷуда ва дарёфти имкониятҳои нави ҳамкории техникӣ гардиданд.