Рӯзи 23 январи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 20-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо - Нуриддинзода Аҳлиддин иштирок намуда, мавқеи кишварро оид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ муаррифӣ кард.
Дар доираи чорабинӣ қарорҳо вобаста ба натиҷаи Форуми иқтисодии SPECА, ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории барнома, инчунин дурнамои тақвияти фаъолияти минбаъдаи барнома қабул карда шуд.
Қайд бояд кард, ки дар ҳуҷҷати натиҷавии Форуми иқтисодии SPECА иҷрои босамари қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ (АИ) дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 қабул гардид, инъикос ёфт.
Инчунин, дар ҳошияи Шӯро ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи Фонди боварии бисёрсамтаи SPECA ҷараён гирифт, ки дар доираи он расмиёти маблағузориҳо ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои фаъолияти барнома мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Начало формы