22 январи соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо Винсент Биготт баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсати рушди сармояи инсонӣ, таҳсилоти касбӣ ва техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ даъват ба амал оварда, ҳамзамон таҳияи Барномаи дастгирии буҷети грантии Иттиҳоди Аврупоро барои бахши таҳсилоти техникӣ ва касбӣ дар Тоҷикистон саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи кории мунтазам, инчунин таҳкими ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодию иҷтимоӣ изҳор намуданд.