21 январи соли 2026 Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар мавзӯи «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод: пайвастагии минтақавӣ барои рушди устувор» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Абдураҳмонзода А. С. ба натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои SPECA, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Боку баргузор гардида буд, ишора намуда, татбиқи ташаббусҳо дар самти таъмини бемонеаи маҳсулоти кишоварзӣ, рушди тиҷорати электронӣ, такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро муҳим арзёбӣ кард. Дар ин маврид таъкид гардид, ки иҷрои самараноки ин иқдомҳо метавонад ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва рушди фарогири иқтисодӣ мусоидат намояд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки кишварҳои иштирокчии SPECA зиёда аз 35 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аммо имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Дар ин замина рушди пайвастагии нақлиётӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, ба такмили долонҳои бисёрсамта, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва рақамикунонии расмиёти нақлиётӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар бахши энергетика таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар таъмини рушди «энергияи сабз» ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда нақши калидӣ дорад.
Қайд бояд кард, ки Форуми иқтисодии SPECA аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии Барнома буда, ҳамасола дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад ва соли 2024 Тоҷикистон мизбонии онро бар уҳда дошт.