Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 10 январи соли 2026 бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис гузориши роҳбарияти ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар соли 2025 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Абдураҳмонзода А. С. ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 ироа намуданд, ташкили корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ бо истифодаи оқилонаи заминҳо, гирифтани 3-4 ҳосил ва ҷамъоварии пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, фаро гирифтани бонувон ва шахсони бешуғл ба курсҳои касбомӯзӣ ва рушди марказҳои таълимӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати роҳ надодан ба исрофкорӣ ҳангоми таҷлили ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ватандӯстии сокинон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, расонидани нуқтаҳои асосии паёми Пешвои муаззами миллат ба сокинони ноҳия, таҳлили камбудиҳои ҷойдошта, андешидани тадбирҳо барои бартарафсозии онҳо ва назорати қатъии иҷрои нақшаҳои давлатӣ дар ноҳия супоришҳои дахлдор дод.