23 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди ду ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:
- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030;
- Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025:
- Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнуъгоҳи табиии давлатии Дашти Ҷум барои солҳои 2021-2025.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур ва муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Суҳроб Маҳмуд рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои зикршуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.