19 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон ташкил карда шуд, ки дар кори он роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳии Форум вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини иҷроияи Президенти JETRO ҷаноби Такафуми Судзуки бо суханони муқаддимотӣ баромад намуда, имконият ва самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ба иштирокчиён тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи Форум байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, зимни ҷаласаи ғайрирасмии нетворкинг иштирокчиёни Форум имконият пайдо намуданд, то дар самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намоянд.
Баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон қадами муҳим дар роҳи таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ҷонибҳо ба ҳисоб меравад.