Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ба таври дастаҷамъона тамошо карда шуд.
Дар ҷараёни тамошо кормандони вазорат ба мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар Паёми навбатиашон Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муайян намуда, масъалаҳои калидии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, таҳкими амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, инчунин тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасу афзалиятнок гузоштанд.
Қайд бояд кард, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат муайянгардида иброз намуданд.