Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайъати расмии кишвар таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ҷиҳати иштирок дар 11 – умин Саммити ҷаҳонии ҳалол ва Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳалол ва ҷаласаи 5-уми вазирони тиҷорат ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2025 ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.
Тибқи барнома ҳайати кишвар рӯзи 26 ноябр ба Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳалол ташриф оварда, аз павилионҳо боздид намуд ва бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, коршиносон ва ширкатҳои истеҳсолӣ мулоқотҳои кории сарироҳӣ анҷом дод.
Қайд бояд кард, ки Саммити ҷаҳонии ҳалол ва Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳалол дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Истанбул (Istanbul Expo Center) воқеъ гардида, аз 26 то 29 ноябри соли 2025 баргузор гардид. Саммити имсола таҳти мавзӯи «Инноватсия ва бартарият дар тиҷорати ҳалол» таҳти раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Исломӣ, Вазорати тиҷорати Туркия ва Агентии акредитатсияи ҳалол баргузор гардида, муҳимтарин рӯйдоди ҷаҳонӣ дар соҳаи иқтисоди ҳалол ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми иқтисоди ҷаҳонии ҳалол имрӯз зиёда аз 7 триллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нишондиҳандаи аҳамиятнокии рушдёбандаи ин бахш дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар чорабинӣ зиёда аз 40 кишвар ҳузур дошта, 9 ҳазор меҳмони байналмилалӣ ва 50 ҳазор иштирокчии умумӣ ташриф оварданд. Ҳамчунин беш аз 100 ширкат маҳсулоти худро дар бахшҳои гуногун ба намоиш гузоштанд. Ба қатори иштирокчиёни фаъоли Намоишгоҳ, ки павилионҳои нисбатан калонтар доштанд, ҷумҳуриҳои туркзабон (Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон), кишварҳои Осиё (Индонезия, Малайзия), Аврупо (Олмон, Руминия, Лаҳистон), Балкан (Македонияи Шимолӣ, Булғористон) ва чанде аз кишварҳои Африқо, аз ҷумла Сенегал, Нигерия ва Гана шомил гардиданд.
Иқтисоди ҳалол имрӯз на танҳо ғизо, балки маҳсулоти беҳдоштӣ ва тозакунӣ, косметика ва гигиена, дорӯсозӣ, сайёҳии ҳалол, тандурустӣ ва молия, ширкатҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли саноати сабук, бахшҳои нав ба мисли логистика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозиро дар бар мегирад.
Бо назардошти он ки саноати ҳалол яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, Тоҷикистон барои фаъолона ворид шудан ба бозори ҳалол ва муаррифии маҳсулоти рақобатпазири миллӣ имкониятҳои васеъ дорад. Қабули стандартҳои байналмилалии ҳалол ва ташаккули иқтидори содиротӣ метавонад дар оянда ба баланд гардидани мавқеи иқтисодии кишвар дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин платформаҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардида, барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ, рушди содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои Шарқ, Осиё, Ховари Миёна ва Аврупо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.