1 декабри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии назоратии назди вазир Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум ва муовини вазир, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва ҳайати масъули вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иҷрои сифатнок ва саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди Вазири рушди иқтисод ва савдо якҷо бо масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, вобаста ба ин Абдураҳмонзода А. С. ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.