25 ноябри соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори генералии Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) оид ба кишварҳои Аврупо, Баҳри Миёназамин ва Осиёи Марказӣ Карстен Шмитс-Ҳоффманн баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахшҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, муҳити зист ва рушди мутахассисонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ ва густариши самтҳои навро таъкид намуда, ҷонибдори иҷрои босамари барномаҳои мавҷуда ва дарёфти имкониятҳои нави ҳамкории техникӣ гардиданд.