25 ноябри соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир - Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт» баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Ин иқдом дар раванди рақамикунонии низоми молиявӣ, пулию қарзӣ, андозу гумрук, суғурта, бехатарии озуқаворӣ, стандартизатсия, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҷаласаи мазкур гузориши муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ - Бодуршозода М. А. шунида шуд. Қайд гардид, ки аз ҷониби ин Агентӣ барои бозҳам беҳтар намудани раванди рушди инноватсия ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои дахлдор ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади тақвияти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати паст намудани нархи интернет бо назардошти кишварҳо, баланд бардоштани сифати фарогирии интернет дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус дар деҳоти дурдаст, пурра гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бо мутахассисони баландихтисоси ТИК, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди низоми соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ, рушди инфрасохтори ТИК дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ғайраҳо зарур шуморида шуданд.
Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки барои дастур додан ба вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.