24 ноябри соли 2025 ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников М. Г. баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои сарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба содироти ҳарчи бештари ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Росссия садо дода буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳои роҳбарони кишварҳо имкони таъмини пешрафт дар бахши содирот ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро фароҳам месозад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои такмили низоми ҳамкорӣ дар бахшҳои марбут ба содироту воридот, беҳтар намудани тартиби ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши имкониятҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.