24 ноябри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободонию созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад».
Ҳамзамон дар ин рӯз кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Истиқлол фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамоиш ва роҳпаймоӣ дар фазои тантанавӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихию сиёсии миллиамон баргузор гардиданд.