18 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд корхонаи коркард ва банду басти хушкмева - ҶДММ «Донаи Алмос»-ро дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 1,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он 30 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 1200 тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Дар корхона беш аз 10 намуди хушкмева ва маҳсулоти коркарди он истеҳсол ва бастабандӣ шуда, 90 фоиз ашёи хом аз дохили кишвар ва 10 фоиз аз хориҷ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Узбекистон ворид карда мешаванд.
Маҳсулоти корхона ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия, Афғонистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Олмон, Ироқ ва Федератсияи Россия содирот карда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодии минтақа мусоидат менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини корхонаи навбунёд фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Суғд», аз ҷумла корхонаи коркарди мева ва хушкмеваҳоро, ки ба содирот ва афзоиши иқтидори саноатии минтақа ҳиссаи арзанда мегузоранд, муҳим ва самаранок баҳогузорӣ карданд.